Таваҷҷӯҳи Сандуқи байналмилалии пул ба нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон
Мақомоти Сандуқи байналмилалии пул бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Душанбе дидор ва дар бораи масоили молии нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" баҳс ва табодули назар карданд.
Ба нақл аз Азия Плюс, Подомҷо Ҳиндвол, намояндаи Сандуқи байналмилалии пул дар дидор бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мавзӯи сармоягузории давлати Душанбе дар идомаи сохти нерӯгоҳи "Роғун" бозорҳои эҳтимолии фурӯши барқи он, мизони даромади ҳосил аз фурӯши барқи ин нерӯгоҳ ва шаффофсозӣ дар бораи вориз шудани ин даромад ба буҷаи ҳукумат ва авзои ширкати варшикастшудаи "Барқи тоҷик"-ро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки мавзӯи эҳтимоли ихтисоси воми ҷадид аз сӯи Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷкикистон ба тавзеҳоти тарафи Душанбе дар ин маворид бастагӣ хоҳад дошт.
Ин дар ҳоле аст, ки ба далели тӯлонӣ шудани ин гуфтугӯҳо тарафи Тоҷикистон дархост кардааст, ки сандуқи байналмилалии пул дастикам 300 миллион доллар вом ба ин кишвар ихтисос диҳад.