Сентябр 29, 2019 10:23 Asia/Dushanbe
  • Боздиди миллионҳо чинӣ аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи боғдории Чин

Ҳафт миллиону 800 ҳазор чинӣ аз намоишгоҳи байналмиллалии боғдории ин кишвар, ки аз моҳи апрел дар Пекин дар ҳоли баргузорӣ аст боздид кардаанд ва ғурфаи Тоҷикистон аз пурбоздидтарин бахшҳои ин намоишгоҳ аст.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, дар ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии боғдории  Чин, беш аз 30 навъ маҳсулоти кишоварзии боғдорони тоҷик дар маърази диди умум қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Иззатуллоҳ Сатторӣ вазири кишоварзии Тоҷикистон мизони муомилаҳои маҳсулоти кишоварзии ин кишвар бо Чин дар панҷ моҳи нахусти имсол ба 6 миллиону 429 ҳазор доллар расидааст, ки як миллиону 93 ҳазор доллари он саҳми Тоҷикистон аст.

Гелос, лимонт ва меваҳои хушк аз ақломи умдаи маҳсулоти кишоварзии содиротии Тоҷикистон ба Чин ба ҳисоб меояд.

Вай гуфтааст, ки бар асоси барномаи ҳамокриҳои омӯзишӣ миёни Чин ва Тоҷикистон ҳамасола 100 нафар аз донишмандон ва мутахассисони бахши кишоварзии Тоҷикистон барои омӯзиши технологиҳои нави чинӣ дар улуми кишоварзӣ ба Пекин сафарбар мешаванд.

Ба гуфтаи вазири кишоварзии Тоҷикистон мутахассисони чинӣ ба ин ашхос роҳҳои нави кошт ва бардошти биринҷ, пахта ва эҷоди гулхонаро омӯзиш медиҳанд.

Ҳамчунин чандин тарҳ дар бахши кишоварзӣ миёни Чин ва Тоҷикистон дар чорчуби барномаи "Як камарбанд-як ҷодда" иҷроӣ хоҳад шуд. 

Барчасп