17 соли зиндон барои як тоҷик ба иттиҳоми се қатл дар Русия
Сентябр 29, 2019 16:46 Asia/Dushanbe
Додгоҳи вилдояти Маскав як табааи Тоҷикистонро ба иттиҳоми қатли 3 тоҷик ба 17 соли зиндон маҳкум кард.
Ба нақл аз сомонаи "Русбалт", Беҳзод Носиров бо узвият дар як гурӯҳи ҷиноӣ, ки умдаи аносири он тоҷикҳо буданд, аз соли 2009 бо ҳадафи зӯргирӣ ва ҳақ ситондан аз ҳаммеҳанони хеш даст ба куштори онон мезад, ки иттиҳоми мушорикати вай дар 3 мавриди қатли тоҷикҳо собит шудааст.
Гуфта мешавад, ки Беҳзод Носиров узви гурӯҳи ҷиноии тоҷикон ба саркардагии Лутфулло Муҳаммадиев, мулаққаб ба Анвар, корманди собиқи нерӯи интизомии Тоҷикистон будааст, ки дар атрофи шаҳри Маскав аз ҳаммеҳанони хеш зӯргирӣ ва ҳақситонӣ мекард.
Барчасп