Сентябр 24, 2016 19:45 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 460 миллион долларии Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон

Бонки рушди Осиё аз ихтисоси кумаки 460 миллион долларӣ ба Тоҷикистон таи солҳои 2016 то 2020 ба манзури тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, мақомоти Бонки рушди Осиё маблағи 460 миллион долларро барои тавсеаи бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва дигар ҳавзаҳои иқтисоди Тоҷикистон ихтисос доданд .

Тибқи ин гузориш, дар маросиме, ки ба манзури муаррифии стратегияи ҷадиди ҳамкории Бонки рушди Осиё бо Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар Душанбе  баргузор гардид, тарафайн санади ҳамкориҳои ҷадидро ба имзо расонданд.

Венкай Жанг, муовини раиси Бонки рушди Осиё дар ин замина изҳор дошт: Тибқи барномарезиҳо, ин бонк дар назар дорад, маблағи 140 миллион доллар аз ин қарзро таи соли ҷорӣ дар чорчуби ин барнома ба Тоҷикистон ихтисос диҳад .

Ба гуфтаи вай, ин маблағ барои тавсеаи бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл, ҳавзаи иҷтимоӣ, рафъи авоқиби марбут ба тағйири иқлим ва таъмини амнияти ғизоӣ сарф хоҳад шуд .

Неъматуллоҳи Ҳикматуллоҳ‌зода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ гуфт: Стратегияи ҷадиди ҳамкорӣ бо Бонки рушди Осиё чаҳорумин иқдоми 2 тараф дар ин росто маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи вай, барномаҳо ва асноди қаблӣ, ки бо ин созмони байналмилалӣ ба имзо расидаанд, нақши муҳимеро дар тавсеаи иқтисод, коҳиши мизони фақр ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон ифо намудааст .

Ҳикматуллоҳзода афзуд: Ҳадафи аслии ин барнома боло бурдани мизони рушди маҷмуи тавлидоти дохилии Тоҷикистон то 6.5 дарсад, коҳиши сатҳи фақр аз 31 дарсади феълӣ ба 20 дарсад то соли 2020 ва афзоиши тавлиди нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт соат дар соли 2015 ба 26 миллиард киловатт соат дар соли 2020 мебошад .

Бонки рушди Осиё аз замони шуруи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар соли 1998 то ба имрӯз ба мизони 1 миллиарду 400 миллион доллар ба бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва дигар ҳавзаҳои иқтисоди ин кишвар кумак намудааст .

 

Барчасп