Сентябр 30, 2019 10:38 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мушорикати молии Сандуқи рушд ва суботи АвруОсиё дар бозсозии нерӯгоҳи “Бойғозӣ”

Сандуқи Шӯрои мудирони Бонки Рушди АвруОсиё имкони мушорикати молӣ дар тарҳи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ - обии “Бойғозӣ” - ро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

Ба гузориши сайти Бонки Рушди АвруОсиё, ҳайате аз Сандуқи рушд ва суботи АвруОсиё бо сафар ба Тоҷикистон ва боздид аз нерӯгоҳи “Бойғозӣ”, дар дидор бо мақомоти Вазорати энержӣ ва зхоири оби Тоҷикистон ва ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мавзӯи мушорикати молии ин ниҳод дар тарҳи бозсозии таҷҳизотии ин нерӯгоҳро баррасӣ кард.

Нерӯгоҳи обии “Бойғозӣ” бо зарфияти тавлиди 2 миллиарду 500 киловатт соат барқ дар сол, 32 километр пойинтар аз нерӯгоҳи “Норак”, 30 сол қабл сохта шудааст, ки ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.

Қаблан Бонки рушди АвруОсиё 40 миллион доллар барои тарҳи бозсозии таҷҳизотии бузургтарин нерӯгоҳи обии Тоҷикистон – “Норак” ихтисос дода буд.

Ин нерӯгоҳ бо тавони тавлиди беш аз се ҳазор мегаватт барқ бо садде 300 метрӣ дар 110 километрии шарқи Душанбе воқеъ шудааст, ки 70 дарсад аз барқи мавриди ниёзи Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин ду турбин аз 9 турбини нерӯгоҳи обии “Норак” - ро бо қидмат беш аз 40 сол таъвиз кард. Бо ин ҳол эълом шуда буд, ки барои бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ ба ҷазби сармоягузории хориҷӣ ниёз аст. Зеро ба далели фарсудагии таҷҳизоти “Норак”, ин марказ танҳо бо 77 дарсад аз тавони хеш фаъолият мекунад.

Аксари нерӯгоҳҳои барқӣ - обии Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ сохта шудаву акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ доранд.

 

Барчасп