Даргузашти донишманди эронитабор дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47156-Даргузашти_донишманди_эронитабор_дар_Тоҷикистон
Вячеслав Дастурӣ, донишманди эронитабор дар синни 65 солагӣ даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 30, 2019 11:53 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти донишманди эронитабор дар Тоҷикистон

Вячеслав Дастурӣ, донишманди эронитабор дар синни 65 солагӣ даргузашт.

Шуҳрат Ҷӯраев, аз шогирдони ин донишманд бо интишори ин хабар дар сафҳаи шахсиаш дар Фейсбук, аз Дастурӣ ба унвони омӯзгоре Худодод ва инсоне ошиқи касби худ ёд кардааст. 

Вячеслав Дастурӣ то лаҳзаи марг дар шуъбаи тоҷикистонии Донишгоҳи Ломоносови Русия дар шаҳри Душанбе, дар риштаи физика тадрис мекард. 

Вячеслав Дастурӣ фарзанди падаре эронӣ ва модаре рус буда ва тамоми умри худро дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба сар бурдааст. 

Падари ин донишманди эронитабори тоҷик соли 1947 барои наҷот аз диктотурии Ризошоҳи Паҳлавӣ аз Эрон ба Шӯравӣ паноҳанда шудааст.