Октябр 01, 2019 12:03 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати фаолони муҳити зист бо афзоиши тавлиди ангишт дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад, ки то соли 2040 тавлиди ангишт дар ин кишварро ба 15 миллион тон бирасонад, ки фаолони муҳити зист хостори таваққуфи афзоиши ин мизон тавлид шуданд.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюз, бар асоси барномаи рушди бахши ангишт дар Тоҷикистон тасмими гирифта шудааст, ки тавлиди ин навъи сузишворӣ дар ин кишвар то соли 2040 аз 2 миллион тони феълӣ ба 15 миллион тон бирасад, ки фаолони муҳити зист мегуянд қабл аз иҷроӣ шудани ин барнома бояд паҳлӯҳои мухталифи он баррасӣ шавад.

Дар ҳоли ҳозир захираҳои шиносоишуда дар 21 кони ангишти Тоҷикистон беш аз 3 миллиард тон эълом шудааст, аммо созмонҳои ғайридавлатии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо интишори баёнияе хостори таҷдиди назар дар барномаи рушди тавлиди ангишт дар ин кишвар шудаанд.

Аз дидгоҳи ин созмонҳо ангишт муҷиби интишори гозҳои гулхонаӣ ва тахриби муҳити зист мешавад.

Идрис Теймуров мудири Созмони зист муҳитии мавсум ба Замини кучак муътақид аст, ки иқдоми ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиши ҳашт баробарии тавлиди ангишт то соли 2040 манобеи молии зиёдеро ҳадар медиҳад, ки мебоист дар барномаҳои тавлиди анвоъи дигари энержиҳои таҷдидпазир мавриди истифода қарор гирад.

Дар Тоҷикистон аз захираҳои бузурги ангишт  дар майдонҳои Фон-Яғноб, Шуроб, дар вилояти Суғд, Назарйилоқ дар водии Рашт, Зидеҳ дар шимоли шаҳри Душанбе ва Сайод дар дарраи Ромити шаҳристони Ваҳдат истифода мешавад.

Барчасп