Боздошти як мақоми ҳукуматӣ ба иттиҳоми сӯистифодаи молӣ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 01 Oct 2019 07:14:39 GMT )
Октябр 01, 2019 12:14 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як мақоми ҳукуматӣ ба иттиҳоми сӯистифодаи молӣ дар Тоҷикистон

Як мақоми ҳукуматии Тоҷикистон ба иттиҳоми сӯистифодаи молӣ дар Тоҷикистон боздошт шуд.

Ба нақл аз Ховар, Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон зимни эъломи хабари боздошти хонум Майсара Расулова коришноси аршади шуъбаи пардохти кумакпулӣ дар раёсати Ожонси давлатии бимаи иҷтимоӣ ва бознишастагӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасреҳ кард, ӯ хасоратҳои ҳангуфте ба будҷети давлат ворид кардааст.

Тибқи иттилоияи Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон масъули боздоштшуда дар солҳои 2017 то 2019 бо ҷаъли ҳуҷҷатҳо ба исми 5 шаҳрванд беш аз 333 ҳазору 500 сомониро ихтилос кардааст.

Алайҳи Майсара Расулова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Фасоди молии кормандони бахшҳои мухталифи ҳукумати Тоҷикистон ба унвони яке аз мушкилоти печида дар ҷомеаи ин кишвар шинохта шуда ва аз ин лиҳоз Тоҷикистон ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои байналмиллалӣ қарор дорад.