Яке аз шартҳои дарёфти тобеияти Русия ҳазф шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47199-Яке_аз_шартҳои_дарёфти_тобеияти_Русия_ҳазф_шуд
Вазорати рушди иқтисоди Русия банди тасҳил дар раванди дарёфти тобеияти ин кишварро ба тарҳи буҷаи федералӣ барои солҳои 2020 замима кардааст, ки бар асоси он яке аз шартҳои ин қонун ҳазф хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 02, 2019 06:54 Asia/Dushanbe
  • Яке аз шартҳои дарёфти тобеияти Русия ҳазф шуд

Вазорати рушди иқтисоди Русия банди тасҳил дар раванди дарёфти тобеияти ин кишварро ба тарҳи буҷаи федералӣ барои солҳои 2020 замима кардааст, ки бар асоси он яке аз шартҳои ин қонун ҳазф хоҳад шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, ин банд марбут ба шартҳои қаблии қонуни дарёфти тобеияти Русия барои атбои хориҷӣ аст, ки муваззаф ба даст кашидан аз гузарномаҳои миллии худ буданд.

Дар тарҳи Вазорати рушди иқтисоди Русия тамомии мутақозиёни дарёфти тобеияти ин кишвар дигар мулзам ба хурӯҷ аз шаҳрвандии кишварашон ва ҳазфи асноди ҳуввиятии милли худ нестанд.

Бар асоси қонуни нав, ки аз аввали моҳи октябр иҷроӣ мешавад, он теъдод аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки мавриди ниёзи иқтисоди Русия ҳастанд, шомили ин муқаррарот мешаванд ва пас аз як соли фаъолият метавонанд дархости дарёфти тобеиятро матраҳ кунанд.