Вогузории муҷаввизи истихроҷи маъдани ноҳияи Мурғоб ба як ширкати чинӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47200-Вогузории_муҷаввизи_истихроҷи_маъдани_ноҳияи_Мурғоб_ба_як_ширкати_чинӣ
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи истихроҷ ва коркарди нуқра аз маъдани "Як ҷилва" дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшонро миёни Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории ин кишвар ва ширкати чинии Каши Синюй ба тасвиб расонид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 02, 2019 07:29 Asia/Dushanbe
  • Вогузории муҷаввизи истихроҷи маъдани ноҳияи Мурғоб ба як ширкати чинӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи истихроҷ ва коркарди нуқра аз маъдани "Як ҷилва" дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшонро миёни Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории ин кишвар ва ширкати чинии Каши Синюй ба тасвиб расонид.

Ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс, ин созишнома дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар моҳи июл ба имзои Фаррух Ҳамроҳализода, раиси Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон ва Жов Мин, мудири ширкати чинии Каши Синюй расида буд.

Қаблан идораи маъданшиносии Тоҷикистон аз шиносоии захираҳои 204 тоннагӣ ва 920 килоии нуқра дар маъдани мавсум ба "Як ҷилва" дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон хабар дода буд, ки дар баландии 4 ҳазору 500-метрӣ аз сатҳи баҳр воқеъ шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон дар ҳар тонна хоки ин маъдан 640 грамм нуқра вуҷуд дорад, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст.

Мақомоти вилояти Бадахшон мегӯянд, ки бо баҳрабардорӣ аз корхонаи истихроҷи нуқра дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон, барои 220 нафар имкони кори доим фароҳам хоҳад шуд.