Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Эрон ба авҷи тавонмандӣ ва пухтагии худ расидааст
Ҳамзамон бо солгарди Ҳафтаи дифои муқаддас, ойини бошукӯҳе бо ҳадафи гиромидошти ин рӯйдод бо ҳузури мақомот ва шахсиятҳои тоҷик ва сафирон дар Тоҷикистон, дар маҳалли толори иҷтимоъоти Сафорати Эрон баргузор шуд.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ дар маросими сивунуҳумин солгарди Ҳафтаи дифои муқаддас гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоле сивунуҳумин солгарди муқовимати далерона ва пирӯзмандонаи худ дар баробари таҷовузи режими баъси Саддомро гиромӣ медорад, ки бо пушти сар гузоштани анвои фишорҳо, таҳдидот ва таҳримҳо ба авҷи тавонмандӣ ва пухтагии худ расидааст.
Вай бо баёни ин ки пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон, режими Саддом ба хаёли хоми худ қасд дошт дар муддати кӯтоҳе Эронро фатҳ ва ҷумҳурии исломиро, ки низоме муттакӣ ба ҳимояти миллати Эрон аст, сарнагун кунад, изҳор дошт: Бо муқовимат ва дифои диловаронаи миллат ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ин тавтеа, ки ҳимояти қудратҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои муттаҳиди онҳоро ба ҳамроҳ дошт, ноком монд ва режими Саддом натавонист заррае аз хоки Эронро дар тасарруфи худ нигоҳ дорад.
Собирӣ бо ишора ба ин ки давлати Амрико ва муттаҳидони он дар даврони ҷанги таҳмилӣ аз фурӯши силоҳ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дифоъ аз худ худдорӣ карданд, вале то тавонистанд барои режими Саддом кумакҳои молӣ ва таслеҳотӣ, аз ҷумла силоҳҳои кимиёӣ ирсол карданд, хотирнишон кард: “Ба лутфи Худованд ва пуштибониву муқовимати мардум, натиҷаи ин ҳимоятҳо аз Саддом чизе ҷуз шикаст ва сарафкандагии режими мутаҷовиз ва ҳомиёни он, рушди тавони миллӣ ва тавлиди дохилӣ ва анбӯҳи таслиҳоти мухталиф тавассути нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон набуд.
Вай бо сиёсати фишори ҳаддиаксарии давлати Амрико иброз дошт, наздик ба якуним сол аст, ки режими қонунгурези Амрико дар иқдоме муғойир бо ҳуқуқи байналмилал, бо нақзи тавофуқи чандҷонибаи ҳастаии БарҶом ва тавассул ба таҳриму терроризми иқтисодӣ алайҳи миллати Эрон, қасд дорад хостаҳои ноодилонаи худро бар низом ва миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳмил кунад. Режими Трамп тавофуқе, ки раисҷумҳури пешини Амрико бар он муҳри таъйид ниҳода будро нодида гирифта ва сулҳу амнияти байналмилалиро ба хатар андохтааст.
Ин дипломати эронӣ идома дод: Ин режим, илова бар терроризми иқтисодӣ ва таҳримҳои золимона алайҳи миллати Эрон, ки ҳатто шомили колоҳои башардӯстонае монанди ғизо ва дору низ мешавад, мукаррар таҳдид ва иқдомоти низомӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро низ матраҳ кардааст, аммо нерӯҳои мусаллаҳи пуртавони мо ба пуштвонаву ҳимояти миллӣ, бо иқтидор дар муқобили ин таҳдидот истодаанд.
Собирӣ бо таъкид бар ин ки сарнагун кардани паҳподи мутаҷовизи амрикаӣ дар осмони Ҷумҳурии Исломии Эрон исбот кард, ки мо дар дифоъ аз худ қотеона амал хоҳем кард, изҳор дошт: Миллати Эрон дар тайи таърих нишон додааст, ки оғозгари ҳеҷ ҷанг алайҳи дигарон набудааст, вале дар муқобили ҳар мутаҷовизе хоҳад истод.
Вай гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дасти дӯстӣ ва сулҳи худро ба сӯи ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дароз кардааст.
Дар ҳошияи ин маросим филмҳои ҳовии рашодатҳои размандагони ҳашт соли дифои муқаддас ва тавонмандиҳои низомӣ ва дифоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба намоиш даромад ва бо зиёфати шом ба ифтихори меҳмонони тоҷик ва хориҷии муқими Душанбе ба поён расид.