Октябр 03, 2019 11:15 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши фаолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пайёмрасонҳо ба хатибони масоҷиди Тоҷикистон

Дафтари намояндагии Созмони байналмиллалии пажуҳишгоҳи масоили ҷангу сулҳ дар Тоҷикистон иқдом ба баргузории давраҳои омӯзшии ошноӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва пайёмрасонҳо барои хатибони масҷидҳои ин кишвар кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Азия-Плюз, ин давраҳо дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвози вилояти Бадахшон, Хуҷанд ва Конибодоми вилояти Суғд ва Турсунзода дар маркази Тоҷикистон баргузор шудааст, ки беш аз 100 хатиб аз масоҷиди ин минтақаҳо равишҳои фаолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пайёмрасонҳоро омӯзиш дидаанд.

Ин давраҳои омӯзишӣ бо ҳамкории Дафтари намояндагии Созмони байналмиллалии пажуҳишгоҳи масоили ҷангу сулҳ дар Тоҷикистон, Кумитаи давлатии умури динӣ ва Маркази исломшиносии ин кишвар баргузор мешавад ва ҳадаф аз ин барнома додани посухи саҳеҳ ба корбарон ва пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ унвон мешавад.

Хонум Лола Олимова мудири Дафтари намояндагии Созмони байналмиллалии пажуҳишгоҳи масоили ҷангу сулҳ дар Тоҷикистон мегуянд, ки аз соли 2014 теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик таҳти таъсири таблиғоти мубалиғони гуруҳи террористии ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пайёмрасонҳо қарор гирифта ба ин созмони такфирӣ пайвастанд ва барои ҷанг ба Сурия ва Ироқ рафтанд, ки акнун барои муқобила бо ин тафакур зарурати омӯзиши хатибони масоҷиди ин кишвар эҳсос мешавад, зеро хатари таъсири вайронгари таблиғоти гуруҳҳои террористӣ монанди ДИИШ ба насли ҷавон ҳануз ҳам вуҷуд дорад.

Барчасп