Тавсеаи интернет ва таҳдиду имкониятҳои он барои расонаҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i4723-Тавсеаи_интернет_ва_таҳдиду_имкониятҳои_он_барои_расонаҳо
Пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки дар панҷ соли ахир бо рушди интернет ва афзоиши шумори истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаву ҳафтаномаҳои Тоҷикистон ниме аз муштариёни худро аз даст додаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 24, 2016 16:34 Asia/Dushanbe

Пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки дар панҷ соли ахир бо рушди интернет ва афзоиши шумори истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаву ҳафтаномаҳои Тоҷикистон ниме аз муштариёни худро аз даст додаанд.

Дар ҳамоиши байналмиллалии “ВАУ дар фазои рақамӣ ва таҳдиду имкониятҳо”, ки рӯзи 22 юми сентябр дар Душанбе оғоз ба кор кард, асҳоби расона ва рӯзноманигорон аз кишвраҳои Осиёи Марказӣ, Русия Украина ва Аврупо дар он ширкат ва дар бораи таҳдиду имкониятҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти расонаҳо баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамкорамон Халилӣ дар гузорише вижа ба баррасии ин мавзӯъ пардохтааст, ки дар идома мешунавед :