Октябр 03, 2019 19:54 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони нахустин Ҷашнвораи байналмилалии филми мустанади «Дидор»

Нахустин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» ба мизбонии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нахустин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» аз 16 то 20 октябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон эълом кард, дар ин ҷашнвора 57 филми мустанад аз мустанадсозони кишварҳое назири Эрон, Афғонистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чехия, Фаронса, Амрико, Русия, Ҳолланд, Олмон, Англия ва Тоҷикистон дар мавзӯоти мухталиф ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ин ҷашнвора бо ҳамкории давлат ва Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, муассисаи «Тоҷик Филм» ва бо ҳимояти молии дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Душанбе баргузор мешавад.

 

Барчасп