Октябр 04, 2019 16:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Мунисон ва Муҳриддин бар густариши ҳамкориҳо дар санъати гардишгарӣ

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳо барои тавсеаи санъати гардишгарӣ миёни ду кишвар таъкид карданд.

Алиасғари Мунисон, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба манзури ширкат дар севумин нишасти вузарои гардишгарии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) ба Душанбе сафар кардааст, асри панҷшанбе бо истиқболи Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҳузур дар ин вазоратхона, бо вай дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот, ки Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт, тарафайн дар фазое гарму самимӣ дар хусуси мавзӯоти мухталиф, ба вижа тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои гардишгарӣ ва мероси фарҳангӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин дидор хитоб ба вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон гуфт: “ба ватани дувуми худ хуш омадед”.

Муҳриддин бо ишора ба шароити минтақа ибрози итминон кард, ки Эрони исломӣ бар мушкилоти мавҷуд пирӯз хоҳад омад. Вай аз мушорикати фаъоли ширкатҳои эронӣ дар пружаҳои бузурги иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла эҳдоси садду нерӯгоҳҳои обии “Сангтуда -2” , “Роғун” ва нақби “Истиқлол” қадрдонӣ кард.

Вай бо таъкид бар иштирокоти фарҳангӣ ва забонӣ миёни ду миллати Эрон ва Тоҷикистон, хостори баҳрагирӣ аз он ба манзури афзоиши табодули гардишгарӣ миёни ду кишвар ва истифода аз таҷрибиёти Эрон дар баргузории намоишгоҳи гардишгарӣ, омӯзиши мутахассисон ва ташкили ҳамоишҳо барои муаррифии зарфиятҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа гардишгарӣ шуд.

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон низ дар ин дидор бо ташаккур аз истиқбол ва меҳмоннавозии гарми вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, зимни ишора ба иштирокоти забонӣ, динӣ, фарҳангӣ ва таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон ва тавсифи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз равобити ду миллат “ба робитаи хешовандӣ” гуфт: Дар чанд моҳи ахир иқдомоти хубе дар ростои иртиқои сатҳи равобити дуҷониба анҷом шуда, ки муҳимтарини он сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе барои ширкат дар нишасти сарони СИКО ва дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Мунисон бо ташреҳи пешрафтҳо ва дастовардҳои Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф, изҳор дошт, бо лутфи Худованд ва дар сояи муқовимат ва пуштибонии мардум, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар замони дигаре қавитар аст.

Вай номидани солҳои 2019 то 2021 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ба унвони солҳои Рушди деҳот, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ва табдили Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон ба вазоратхонаро нишонаи таваҷҷуҳи ҳар ду кишвар ба ҷойгоҳи мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастӣ тавсиф кард ва гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон барои афзоиши ҳамкорӣ ва табодули таҷрибиёт дар тамоми заминаҳо, аз ҷумла ҳавзаи гардишгарӣ, мероси фарҳанги ва саноеи дастӣ бо кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон комилан омодагӣ дорад.

 

 

 

Барчасп