Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Миср дар Қоҳира
(last modified Sat, 05 Oct 2019 07:06:34 GMT )
Октябр 05, 2019 12:06 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Миср дар Қоҳира

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатии ин кишвар ва Миср хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Миср дар Қоҳира баргузор шуд.

Сарпарасти ҳайати тоҷикӣ дар ин музокиротро Хусрав Нозирӣ, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҳайати муқобилро Ҳони Салим, муовини вазири умури хориҷаи Миср бар ӯҳда дошт.

Тарафайн тайи ин музокирот масоили марбут ба равобити дуҷониба дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ ва дар хусуси масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақаии мавриди алоқаи ду тараф баҳсу табодули назар карданд.

Тайи ин нишаст ду тараф омодагӣ ва алоқамандии худро барои тавсеаи бештари равобити дӯстона ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар тамоми арсаҳо иброз доштанд.

Муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин бо Саҳар Наср, вазири сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Миср мулоқот кард. Дар ҷараёни ин дидор масоили марбут ба омодагӣ барои баргузории даври дувуми иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, ки қарор аст дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Қоҳираи Миср баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.