Октябр 05, 2019 18:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Тоҷикистон аз истиқлол ва ҳокимияти Сурия

Сафири Тоҷикистон дар Кувейт дар маъмурияти расмӣ ба Дамишқ гуфт: Тоҷикистон аз ҳокимият ва истиқлоли Сурия ҳимоят мекунад ва дар канори он барои мубориза бо терроризм, то расидан ба пирӯзии комил меистад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувейт, ки дар як маъмурияти расмӣ дар Дамишқ ҳузур дорад, дар гуфтугӯ бо хабаргузории расмии Сурия, Сано пирӯзии Сурия ва мардуми он бар терроризмро "шигифтангез ва олӣ" тавсиф кард ва гуфт: Ин пирӯзӣ бидуни муқовимати мардум ва пуштибонии онҳо аз раҳбарии Башор Асад мумкин набуд.

Зубайдов бо ишора ба ин, ки кишвараш дар солҳои ҷанги дохилии худ низ дар даврони ҷангу бесуботии Афғонистон, аз терроризм ранҷ бурдааст, бар аҳамияти кишварҳо дар мубориза бо терроризм таъкид кард.

Фиристодаи Тоҷикистон ба Дамишқ ибрози умедворӣ кард, ки кишвараш битавонад дар марҳилаи бозсозии Сурия мушорикат кунад ва дар пеши рӯ шоҳиди табодули ҳайатҳо байни ду кишвар, бахусус дар заминаи гардишгарӣ бошад.

Зубайдов бо ишора ба дидори рӯзи ҷумъаи худ бо Файсал Алмиқдод, муовини вазири хориҷаи Сурия ва гуфтугӯ дар бораи тақвияти равобити дуҷониба, табодули ҳайатҳои дипломатӣ гуфт, ки  умед аст арзёбиҳои кишвараш бо Дамишқ ба зудӣ дар сатҳи Вазорати хориҷаи ду кишвар оғоз шавад.

 

 

Барчасп