Баргузории размоиши зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон
Октябр 05, 2019 20:41 Asia/Dushanbe
Размоиши зиддитеррористии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ва бархе манотиқи шарқии ин кишвар баргузор шуд.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин размоиши зиддитеррористӣ чанд рӯз пеш оғоз шуда буд ва рӯзи ҷумъа дар маркази омӯзиши низомии минтақаи Лахш дар шарқи ин кишвар ба поён расид.
Шералӣ Мирзо, Вазири дифои Тоҷикистон бар бахши поёнии ин размоиш назорат доштааст.
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамзамон дар амалиёте тавонистанд гурӯҳе аз шибҳи низомиёни мусаллаҳро, ки ба таври ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар убур карда буданд, муталошӣ кунанд.
Барчасп