Баргузории размоиши зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47315-Баргузории_размоиши_зиддитеррористӣ_дар_Тоҷикистон
Размоиши зиддитеррористии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ва бархе манотиқи шарқии ин кишвар баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 05, 2019 17:11 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон

Размоиши зиддитеррористии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ва бархе манотиқи шарқии ин кишвар баргузор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин размоиши зиддитеррористӣ чанд рӯз пеш оғоз шуда буд ва рӯзи ҷумъа дар маркази омӯзиши низомии минтақаи Лахш дар шарқи ин кишвар ба поён расид.

Шералӣ Мирзо, Вазири дифои Тоҷикистон бар бахши поёнии ин размоиш назорат доштааст.

Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамзамон дар амалиёте тавонистанд гурӯҳе аз шибҳи низомиёни мусаллаҳро, ки ба таври ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар убур карда буданд, муталошӣ кунанд.