Эҳтимоли эъломи афви маҳдуди зиндониён дар Тоҷикистон
(last modified 2019-10-07T05:38:23+00:00 )
Октябр 07, 2019 10:38 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли эъломи афви маҳдуди зиндониён дар Тоҷикистон

Расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон аз эҳтимоли афви ду то чаҳор ҳазор зиндонӣ дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Қонуни асосии ин кишвар дар моҳи ноябр хабар медиҳанд.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, гуфта мешавад, ки мақомоти Вазорати додгустарӣ ва созмони зиндонҳои Тоҷикистон бо тарҳи ин қонун ошно шудаанд.

Ҳамакнун дар зиндонҳои Тоҷикистон наздик ба 11 ҳазор зиндонӣ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд. Дар Тоҷикистон дар соли 2016 теъдоде аз зиндониён афв шуданд.

Бо ин ҳол бархе коршиносон ва ҳуқуқдонон муътақиданд, ки афви эҳтимолии зиндониён дар Тоҷикистон шомили зиндониёни сиёсӣ нахоҳад шуд.

Аз дидгоҳи коршиносон, як соли ахир барои созмони зиндонҳои Тоҷикистон пур аз ҳаводиси ногувор буд, ки бо вуқӯи ду шӯриш дар зиндонҳои Хуҷанд ва ноҳияи Ваҳдат 50 тан кушта ва беш аз сад нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин 14 зиндонӣ ҳангоми интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе ҷони худро аз даст доданд.

Генерал Иззатуллоҳ Шарифзода, раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ дар ин симат ифои вазифа мекард, аз мақомаш барканор ва раиси зиндони шумораи 3 шаҳри Хуҷанд низ дар пайи саркӯби хунини шӯриши моҳи ноябри соли 2018 ба зиндон маҳкум шуд.

 

 

 

Барчасп