Сентябр 25, 2016 10:56 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар радабандии беҳдошти ҷаҳонӣ наваду нуҳум шуд

Тоҷикистон дар радабандии сатҳи беҳдошти ҷаҳонӣ аз лиҳози шохиси рушди пойдори марбут ба сатҳи хадамоти пизишкӣ, зиндагӣ ва саломат дар радаи 99-ум дар миёни 188 кишвар қарор гирифт.

Ба гузориши сойти маҷаллаи англисизабони пизишкии "The lancet",  Тоҷикистон дар радабандии беҳдошти ҷаҳонӣ аз лиҳози шохиси рушди пойдор марбут ба сатҳи хадамоти пизишкӣ, зиндагӣ ва саломат, ки бар мабнои изофаи вазн, мизони масрафи машрубот ва сигор, маргумири кӯдакон ва навзодон, маргумир дар тасодуфоти ҷодаӣ, ибтило ба бемории эдз, сил ва гепотит «б», теъдоди худкушӣ муҳосиба мешавад, дар радаи 99-уми дунё дар миёни ду кишвари Парагвай ва Никарагуа қарор гирифт.

Ин шохис бар асоси гузориши як сол қабли Созмони Милали Муттаҳид бар мабнои мизони рушди пойдори марбут ба сатҳи хадамоти пизишкӣ, зиндагӣ ва саломат мебошад, ки дар ин радабандӣ аз миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Узбакистон дар радаи 55-ум, Туркманистон дар рутбаи 60-ум, Қазоқистон 85-ум ва Қирғизистон дар рутбаи 113-ум қарор доранд.

Ин радабандии маҷалла англисизабони пизишкии "The lancet", бар асоси арзёбӣ аз 33 шохис ва нумраи як то 100 дар миёни 188 кишвари ҷаҳон муқаррар шудааст.