Октябр 08, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Боздошти  ду хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе

Кормандони полиси шаҳри Душанбе рӯзи 7 октябр ду хабарнигори Радиои Озодии Амрикоро боздошт ва пас аз 2 соату ним озод карданд.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона, Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова ду хабарнигори Дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми тасвирбардорӣ аз амалиёти кормандони полис алайҳи як ронандаи таксие, ки муттаҳам ба ҳамли маводи мухаддир будааст, боздошт шуданд. Ин ду хабарнигор ба идораи полиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мунтақил ва бозҷӯӣ шуданд.

Кормандони полиси таҳдид кардаанд, ки ин ду хабарнигорро ба иттиҳоми эҷоди музоҳимат ҳангоми амалиёти боздошти ронандаи таксие, ки муттаҳам ба ҳамли маводи мухаддир буд ба додгоҳ муаррифӣ мекунанд ва ҳукми 15 рӯз зиндон дар интизори онон хоҳад буд.

Пас аз навиштани тавзеҳи катбии кормандони полис ин ду хабарнигор озод шуданд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон тобистони соли равон бо муттаҳам кардани бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба таблиғи ифротигарӣ аз тамдиди иҷозатномаи фаолияти теъдоде аз кормандони Дафтари Душанбе худдорӣ карда буд.