Октябр 14, 2019 13:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар Кулоб

Марзаки матбуотии вазорати тавсиъаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон аз баргузории ҳамоиши минтақаҳои озоди иқтисодии ин кишвар дар Кулоб хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин ҳамоиш бо ҳадафи ҷазби сармоягузориҳои хориҷӣ, эҷоди иштиғол ва тавсиъаи иҷтимоӣ дар донишгоҳи давлатии Абуабдуллоҳ Рудакии шаҳри Кулоб баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш,ки бо ҳузури Азим Иброҳим муовини нахуст вазир ва намояндагони дигар вазоратхонаҳо, ниҳодҳо ва бахшҳои хусусии Тоҷикистон баргузор шуд, раисони минтақаҳои озоди ин кишвар аз фаъолиятҳои худ гузориш доданд ва барномаҳои худро барои тавсиъаи ин минтақаҳо ироа карданд.

Дар чорчуби ин ҳамоиш санадҳое ба имзо расид,ки тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Данғара ва ширкати Пештози посгарди Тоҷикистон ва ироаи кумак ба минтақаи озоди иқтисодии Кулоб аз он ҷумла аст.

Дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷумла минтақаи озоди иқтисодии Данғара, панҷ, Кулоб, Ишкошим ва Суғд фаолият мекунад.

Барчасп