Октябр 16, 2019 11:31 Asia/Dushanbe
  • Худдории Кореяи Ҷанубӣ аз судури раводид барои куштигирони тоҷик

Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе аз судури раводид барои куштигирони озодкори тоҷик, ки қасди сафар ба ин кишвар доштанд, худдорӣ кард.

Ба нақл аз сомонаи Top Tj, мақомоти сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе иллати ин иқдомро ҳодисаи се сол қабл эълом кардаанд, ки дар он чор варзишкори тоҷик пас аз сафар ба ин кишвар, дигар ба Тоҷикистон бознагаштанд.

Тими куштигирони озодкори тоҷик қасд дошт барои ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар шаҳри Чанчжоуи Кореяи Ҷанубӣ, ки моҳи ноябр баргузор мешавад, ба ин кишвар сафар кунад.

Бозор Носиров сармураббии тими куштигирони озодкори Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки дар соли 2016 ба дархости Олим Зикаев, мураббии тими куштии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, барои 8 нафар аз варзишгарни тоҷик раводиди сафар ба Кореяи Ҷанубӣ содир шуд, ки 4 нафар аз ин афрод ба ҳамроҳи мураббияшон на танҳо дар маҳалли мусобиқот ҳозир нашуданд, балки ҳеҷ нишоне низ аз онон ба даст наёмад.

 

 

Барчасп