Октябр 16, 2019 13:32 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон тарҳи қонуни афви умумиро ба Маҷлиси намояндагон фиристод

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи қонуни нави афви умумӣ дар ин кишварро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ироа кардааст.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ин қонун дар сурати тасвиб дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар, заминаи озодии 7 ҳазор нафар зиндонӣ ва тахфифи муҷозоти наздик ба 20 ҳазор нафарро фароҳам мекунад.

Ҳамакнун дар зиндонҳои Тоҷикистон наздик ба 11 ҳазор зиндонӣ давраи маҳкумияти  худро мегузаронанд. Охирин бор дар Тоҷикистон дар соли 2016 теъдоде аз зиндониён афв шуданд.

Бар асоси тарҳи ироашуда аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, занон, афроди ноболиғ ва мардон бо синни 55 сол ба боло, бидуни дар назар гирифтани даврони маҳкумияти худ аз зиндон озод хоҳанд шуд.

Ҳамчунин зиндониёни мубтало ба бемориҳои хос ва маълӯлон бар асоси ташхиси Комиссияи вижаи пизишкӣ афв ва маҳкумшудагоне, ки сеяки давраи зиндони худро гузарондаанд, аз тахфиф дар муҷозот бархӯрдор хоҳанд шуд.

Аммо дар тарҳи қонуни нави афви умумӣ дар Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли озодӣ ва ё тахфифи муҷозоти зиндониёни сиёсӣ ишорае нашудааст.

Дар тарҳи қонуни нави афви умумӣ таъкид шудааст, ки ин барнома ба муносибати 25-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии ин кишвар иҷроӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп