Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Кувайт дар Душанбе
(last modified Wed, 16 Oct 2019 13:22:42 GMT )
Октябр 16, 2019 18:22 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Кувайт дар Душанбе

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Кувайт дар остонаи баргузории рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Душанбе бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Нассор Абдурраҳмон ал-Мутайри, сафири Кувайт дар Душанбе дидор карданд.

Ба гузориши “Форс”, дар ин дидор дар хусуси вазъияти феълӣ ва дурнамои тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни 2 кишвар ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ баҳсу табодули назар сурат гирифт.

Тарафайн бо ҳадафи тавсеаи дӯстӣ миёни 2 кишвар, алоқамандии худ барои густариши бештари ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайтро мутобиқ бо рӯҳияи таомулот миёни мардуми 2 кишвар иброз доштанд.

Рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистон баъд аз зӯҳри имрӯз дар маҳалли Театри опера ва балети шаҳри Душанбе оғоз ва то 18 –уми моҳи ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Дар ин рӯзҳо намоиши филмҳои мустанади синамогарони кувайтӣ, баргузории консерти муштарак бо ширкати ҳунармандони 2 кишвар ва намоишгоҳи китоб ва шаби шеъри шуарои ду кишвар барномарезӣ шудааст.

Рӯзҳои 17 то 18 октябр ҳайати фарҳангии Кувайт аз шаҳри Норак ва минтақаи Варзоби Тоҷикистон боздид хоҳад кард.