Тамдиди қонуни мамнуияти шиканҷа дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47630-Тамдиди_қонуни_мамнуияти_шиканҷа_дар_Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо изофа кардани ислоҳияе ба қонуни ҷиноии ин кишвар мамнуияти муҷозоти шиканҷаи мутаҳамон ва зиндониёнро тамдид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 17, 2019 06:42 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди қонуни мамнуияти шиканҷа дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо изофа кардани ислоҳияе ба қонуни ҷиноии ин кишвар мамнуияти муҷозоти шиканҷаи мутаҳамон ва зиндониёнро тамдид кард.

Ба нақл аз хабаргузории Азия-Плюс, Рустам Шоҳмурод вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи тарҳи ислоҳи қонуни ҷиноии ин кишвар дар мавриди шиканҷа гуфт, ки ин ислоҳия ба дархости Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид аст.

Бо тасвиби ин ислоҳия акнун ашхосе, ки дар Тоҷикистон боздоштшудагон ва зиндониёнро шиканҷа диҳанд ба 2 то 5 сол зиндон маҳкум хоҳанд шуд.

Қаблан ашхоси муттаҳам ба шиканҷа ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум мешуданд, ки акнун додгоҳҳо метавонанд дар сурати исботи ин мааворид ононро аз 2 то 5 сол ба зиндон маҳкум кунанд.

Аммо дар сурати такрор шудани ин маворид ва ворид намудани осеб ба саломатии ашхоси боздоштшуда ва зиндонӣ, маъмурони интизомӣ ва кормандони зиндонҳо метавонанд аз 5 то 15 сол ба зиндон маҳкум шаванд. Ин дар ҳолест, ки дар додгоҳҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи теъдоде аз кормандони полис ба иттиҳоми шиканҷаи боздоштшудагон ташкил шудааст.

Гуфта мешавад, ки 17 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе алайҳи Фарҳод Нурхонов муовини мудири Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи полиси пойтахти Тоҷикистон ва 3 ҳамкори вай ба иттиҳоми шиканҷа шикоят кардаанд, ки муҳокимаи онон дар додгоҳ идома дорад.