Октябр 17, 2019 12:29 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти мубҳами тоҷикҳо дар минтақаи маҳалли даргириҳои Туркия ва Сурия

Ба дунболи ҳамлаи низомии Туркия ба шимоли Сурия сарнавишти садҳо хонаводаи тоҷики вобаста ба ДИИШ дар ҳолае аз ибҳом қарор гирифтааст.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона ин ашхос, ки дар урдугоҳҳои воқеъ дар минтақаи ҳамлаи Туркия ба хоки Сурия ба сар мебаранд, ҳар лаҳза имкони ру ба ру шудан бо хатари марг ва ё маълулиятро доранд.

Гулнора Орифова ҳамсари яке аз ҷангҷӯёни кушташудаи ДИИШ дар Сурия ба расонаҳо гуфтааст аз урдугоҳи онҳо ҳар рӯз садои тирпаронии туркҳо ва курдҳои Сурия шунида мешавад.

Хонум Орифова гуфтааст ҳамроҳ бо ду фарзандаш дар урдугоҳи Руж зиндагӣ мекунад роҳҳи мунтаҳӣ ба ин урдугоҳ ба иллати ҷанг баста шуда бинобарин интиқоли маводи ғизоии мавриди ниёз ба ин урдугоҳ мумкин нест ва хатари қаҳтӣ ононро таҳдид мекунад.

Таҳмина Одинаев яке дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки ба ҳамроҳи шавҳари уғриаш аз Чин дар соли 2015 ба Сурия рафта ва соҳиби ду фарзанд аст. Шавҳараш дар ин кишвар кушта шудааст.

Таҳмина мегуяд чандин бор ба мақомоти тоҷик барои бозгардондани ӯ ва ду фарзандаш муроҷеа карда, аммо ҳануз иқдоме дар ин замина анҷом нашудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар чанд марҳила теъдоде аз аъзои хонаводаҳои узви ДИИШ-ро аз Ироқ ба кишварашон баргардонд, вале ҳануз тарҳи баргардондани бозмондагони дар Сурия иҷроӣ нашудааст.

Барчасп