Таъсиси Ниҳоди вижаи мудирияти нақбҳо ба зудӣ дар Тоҷикистон
(last modified 2019-10-22T05:50:02+00:00 )
Октябр 22, 2019 10:50 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Ниҳоди вижаи мудирияти нақбҳо ба зудӣ дар Тоҷикистон

Қарор аст ба зудӣ Ниҳоди вижаи мудирияти нақбҳо дар Тоҷикистон таъсис шавад.

Ба нақл аз Азия-Плюз, ин ниҳод дар чорчуби Вазорати ҳамлу нақл ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Идораи амволи давлатӣ фаолият мекунад ва Вазорати молия онро ҳимояти молӣ хоҳад кард.

Бар асоси оморҳои расмии Тоҷикистон, таи солҳои ахир ва бо истифода аз сармоягузории хориҷӣ 5 нақб дар нуқтаҳои мухталифи Тоҷикистон сохта шудааст.

Тули ин нақбҳо дар маҷмуъ 18 километр ва барои сохти онҳо беш аз 248 миллион доллар ҳазина шудааст.

Аз ҷумлаи ин нақбҳо метавон ба такмили нақби Истиқлол дар ағбаи Анзоби Тоҷикистон бо ҳамкории Эрон ном бурд.

Нақби Истиқлол дар канори нерӯгоҳи обӣ барқии Сангтӯда-2 аз намодҳои аслии ҳамкориҳои Ҷумҳурии исломии Эрон бо мардум ва мақомоти Тоҷикистон аст.

Барчасп