Октябр 23, 2019 10:41 Asia/Dushanbe
  • 260 ҳазор фаъоли бахши хусусӣ дар Тоҷикистон даст аз кор кашиданд

Агентии давлатии омори Тоҷикистон аз таваққуфи фаъолияти 260 ҳазор фаъоли бахши хусусӣ дар 9 моҳи гузашта дар ин кишвар хабар додааст.

Ба нақл аз расонаи Азия-Плюс, дар ин муддат 209 ҳазор нафар, ки бо муҷаввиз фаъолият мекарданд, наздик ба 44 ҳазор нафар, ки бо гувоҳнома машғул ба кор буданд ва 7 ҳазору 500 нафар, ки ширкати кишоварзӣ доштанд, фаъолияти худро мутаваққиф карданд.

Гуфта мешавад, ки теъдоди фаъолони бахши хусусӣ, ки иқдом ба таҳвили муҷаввизи фаолияти худ кардаанд, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 26 ҳазор нафар бештар аст.

Агентии давлатии омори Тоҷикистон иллати қатъи фаъолияти ин 260 ҳазор нафарро эълом накардааст.

Ҳамакнун дар Тоҷикистон ба таври расмӣ 553 ҳазор нафар дар бахши хусусӣ фаъолият мекунанд, ки 313 ҳазор нафари онон бо муҷаввиз ва 77 ҳазор нафар бо гувоҳнома кор мекунанд ва 162 ҳазор нафар ҳам афроди дорои ширкатҳои кишоварзӣ ҳастанд.

 

 

Барчасп