Октябр 23, 2019 22:17 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили таҷҳизоти фаннии фурудгоҳии амрикоӣ ба Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон таҷҳизоти фаннии фурудгоҳиро таҳвили мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дод.

Ба гузориши “Форс”, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон таҷҳизоти фаннии фурудгоҳиро таҳвили мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дод.

Маросими таҳвили таҷҳизоти фаннӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо ҳузури кордори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд. Таҷҳизоти мазкур тавассути Ожонси мубориза бо қочоқи Вазорати нерӯи Амрико, бо ҳамкории Ожонси эминии ҳастаии Тоҷикистон, бо ҳадафи пешгирӣ аз қочоқи маводи ҳастаӣ дар ихтиёри хадамоти давлатии ин кишвар қарор гирифт.

Аз соли 2013 мелодӣ Идораи кашфу пешгирӣ аз қочоқи энержии ҳастаии Вазорати нерӯи Амрико беш аз 2.7 миллиард доллар барои ҳимоят аз мубориза бо қочоқи маводи ҳастаӣ ва радиологияи сармоягузорӣ кардааст.

Тайи ин муддат ин ожонс ба Тоҷикистон 8 системаи худкор ташхису кашф ва 4 абзори дигари фурудгоҳӣ таҳвил додааст.

 

 

 

Барчасп