Коҳиши гароиш ба аъмол ва эътиқодоти мазҳабӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47836-Коҳиши_гароиш_ба_аъмол_ва_эътиқодоти_мазҳабӣ_дар_Тоҷикистон
Мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон гуфт, гароиш ба аъмол ва эътиқодоти мазҳабӣ дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 24, 2019 09:20 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши гароиш ба аъмол ва эътиқодоти мазҳабӣ дар Тоҷикистон

Мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон гуфт, гароиш ба аъмол ва эътиқодоти мазҳабӣ дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Файзуллоҳ Баротзода таъкид кард, ки эътиқодоти мазҳабӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Вай мегуяд, ки дар масҷидҳои панҷвақтаи Тоҷикистон хатибон бидуни дониши исломии кофӣ масъулияти пешнамозиро бар уҳда доранд, ки дар воқеъ бояд ашхоси бо дониши мазҳабӣ ҷойгузини онон шаванд. Аз дидгоҳи Баротзода вазъият дар масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон нисбатан беҳтар аст зеро, ки аксари хатибони ин марказҳои ибодӣ ашхоси дорои таҳсилоти тахассусӣ ҳастанд.

Вай фаолияти шабакаҳои иҷтимоӣ, таблиғи афкори гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ, таъмини ниёзҳои молии ин созмонҳо ва ҳимояти бархе ҷавонон аз андешаҳои ин гуруҳҳо аз ҷумлаи таҳдидҳои хориҷӣ алайҳи амнияти Тоҷикистон эълом кард.

Баротзода ҳамчунин аз пайвастани теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба гуруҳҳои ифротӣ ибрози нигаронӣ кард.

Аз дидгоҳи мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар сурати назорат надоштан бар ин раванд ин авомил метавонанд ба мушкили бузурги иҷтимоии кишвар табдил шавад.