Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон аз дафтари худ ихроҷ мешаванд
(last modified Mon, 26 Sep 2016 05:52:54 GMT )
Сентябр 26, 2016 10:52 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон аз дафтари худ ихроҷ мешаванд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қасд дорад, дафтари марказии Ҷамъияти ношунавоёни ин кишварро ба баҳонаи тавсеаи маркази тавонбахшӣ дар ихтиёр гирад.

Ба иттилои сайти Азия-Плюс, ин тасмими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин дафтар аз 35 соли пеш дар ихтиёри ҷамъияти ношунавоёни ин кишвар аст ва тасарруфи он аз сӯи Вазорати тандурустӣ ба маънии ихроҷи кормандони ин созмон хоҳад буд .

Абдуҷаббор Давлатов, раиси Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон гуфтааст, ки ин созмон 5 ҳазору 500 узви болои 18 сол дорад ва дар кулли кишвар низ токунун 25 ҳазор ношунаво шиносоӣ шудааст.

Давлатов афзуд: Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон барои омӯзиши ношунавоён фақат 5 мадраса бо 20 муаллим фаъолият мекунад, ки сатҳи тадрис дар ин марокиз бисёр поин аст ва муаллимон низ ба иллати ночиз будани маошашон аз уҳдаи кор барнамеоянд.

Раиси Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон, иштиғолро мушкили дигари ин гурӯҳ донист ва гуфт: Ниҳодҳои ҳукуматӣ моро ба ҳоли худ раҳо кардаанд ва дар ин замина ҳамкорӣ намекунанд .

Мавзуи дар ихтиёр гирифтани сохтмони марказии Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон аз сӯи Вазорати тандурустии ин кишвар дар ҳоле матраҳ шудааст, ки интизор мерафт, ин вазоратхона барномаҳоеро барои беҳбуди шароити фаъолияти ин созмон дар дастури кор қарор диҳад .

Пеш аз ин Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон зери назари Вазорати меҳнати ин кишвар фаъолият мекард .