Октябр 25, 2019 20:18 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон хостори ҳимоят аз ҳуқуқи коргарон дар Тоҷикистон шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз Федератсияи иттиҳодияҳои коргарии ин кишвар хост, ки ба таври фаъол аз ҳуқуқи коргарон дифоъ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо руасо ва фаъолони Федератсияи иттиҳодияҳои коргарӣ (Федератсияи иттифоқҳои касаба)-и Тоҷикистон мулоқот кард. Раҳмон ҳадаф аз ин дидорро баррасӣ ва арзёбии фаъолияти Федератсияи иттиҳодияҳои коргарии ин кишвар ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиди ҳамкории давлат бо ин созмони пурнуфуз унвон кард.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи Созмони Байналмилалии Кор аст ва тайи ин муддат Душанбе 51 конвенсия ва 22 мусаввабаи ин созмонро тасвиб кардааст.

Бинобар суханони Раҳмон, иттиҳодияҳои коргарӣ (иттифоқҳои касаба) ба унвони як созмони ҷамъӣ муваззаф ба дифоъ аз дастовардҳои истиқлол, саҳим дар тақвияти сулҳу субот дар кишвар, ҳифозат аз манофеи иҷтимоӣ ва иқтисодии аъзои худ ва таъмини зиндагии муносиб барои ҳар коргар мебошанд. Вай дар поён бар зарурати контроли умумӣ бар риояи ҳуқуқи корӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии коргарон тавассути иттиҳодияҳои коргарии ин кишвар таъкид кард.

 

Барчасп