Интишори комили осори Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 26 Oct 2019 05:51:30 GMT )
Октябр 26, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
  • Интишори комили осори Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон

Масулони фарҳангистони улуми Тоҷикистон тасмим гирифтанд, осори Садриддин Айнӣро мунташир кунанд

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар , Абдулхолиқ Набавӣ корманди аршади пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакии вобаста ба фарҳангистони гуфт ; дар даврони шӯравӣ қарор буд осори Садриддин Айнӣ дар 15 ҷилд мунташир шавад,ки ин тарҳ иҷро нашуд.

Ба гуфтаи вай фақат 13 ҷилд мунташир шуд,ки ба далели мулоҳизоти сиёсӣ бахшҳое аз навиштаҳои вай ҳазф шуд.

 Ӯ идома дод ; Ҳатто китоби хотироти устод Садриддин Айнӣ дар 4 ҷилд мунташир шуд ,ки ҳодисаҳои марбут ба Бухоро то қарни 20 ро шомил мешуд вале бақияи таҳавулоти даврони Шӯравӣ ба далели мухталиф ба чоп нарасид, аз ин рӯ зарурати вироиш ва интишори комили осори маншур ва манзуми Садриддин Айнӣ вуҷуд дорад ,ки кормандони ин пажуҳишгоҳ маҳғули омодасозии китобҳои ин нависандаи саршинос дар вироиш нав ва беҳазф ҳастанд.

Осори Садриддин Айнӣ шомили мавзуоти таърихӣ , сиёсӣ , адабӣ ва фарҳангӣ мешавад ,ки ҳамагӣ ба хати форсӣ навишта шудааст.

 Бо вуҷуди ду бор тағийр кардани хати мардумони кишварҳои Осиёи марказӣ дар даврони Шӯравӣ ,ки алифбои лотин дар соли 1929 ҷойгузини хати форсӣ шуд ва дар соли 1040 низ хати срилик ба ҷои лотин хати расмӣ эълом шуд, Садриддин Айнӣ то поёниумр ( соли 1954 милодӣ )  фақат осори худро ба форсӣ менавишт.

 Аз осори ин нависандаи тоҷик китобҳои Хотирот , Таърихи инқилоби фикрии Бухоро ва намунаи Адабиёти тоҷик дар ҷумҳурии исломии Эрон мунташир шудааст.

Аз Садриддин Айнӣ ба унвони бунёнгузори адабиёти навини Тоҷикистон дар қарни бистум ҳам ном бурда мешавад.