Октябр 28, 2019 18:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қарзи Тоҷикистон ба Чин

Муовини Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз афзоиши қарзи ин кишвар ба Чин ба як миллиарду 525 миллион доллар хабар дод, ки баробар бо 52 дарсад аз кулли қарзҳои хориҷии ин ҷумҳурӣ аст.

Ба гузориши сомонаи Азия плюс, Акрамшо Фелалиев дидор бо намояндагони шаҳр Сямени Чин гуфт, Тоҷикистон дар 24 соли ахир аз ҳисоби вомҳои дарёфтӣ аз Чин ҳашт тарҳи бузург ба арзиши як миллиарду 15 миллион доллар иҷро кардааст.

Ин мақоми тоҷикистонӣ афзуд, сохти «Хати интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол», «Хати интиқоли барқи 220кВ «Лолазор-Хатлон», «Сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ «Ҳуҷанд – Айнӣ», «Таҷдиди зеристгоҳи «Регар – 500 Кв», «Созмон додани шабакаи ягонаи шимоли Тоҷикистон», «Системаи автоматикунонии идораи нақлиёти шаҳри Душанбе», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанб – Чаноқ» ва «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Данғара» аз ҷумлаи ин тарҳҳост, ки бо вомҳои Бонки содирот ва воридоти Чин амалӣ шудааст.

Акрамшо Фелалиев ҳамчунин аз идомаи иҷрои 3 тарҳи муҳимми дигар дар Тоҷикистон бо воми 510 миллиондолларии Чин хабар дод.

Аз сӯи дигар бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, қарзи берунаи Тоҷикистон дар аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ҳудуди 2,9 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки 35,9%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аст. Дар сохтори қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд. (ҳудуди 52%) доллараш ба қарзҳои ҳукумати Чин рост меояд.

Бар асоси пешбинии Вазорати молияи Тоҷикистон қарзи хориҷии ин кишвар то поёни имсол аз се миллиарду сад миллион доллар фаротар хоҳад рафт.

 

Барчасп