Баргузории нишасти аломатгузории марзҳои Узбакистону Тоҷикистон
Нишасти намояндагони Узбакистону Тоҷикистон бо мавзӯи баррасии охирин вазъияти марзҳои ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба гузориши “Форс”, дар ин нишаст асноди ҳуқуқӣ ва фаннии аломатгузории марзҳои Узбакистону Тоҷикистон ва ҳамчунин барномаи дидорҳои ояндаи мақомоти ду кишвар дар соли 2020 ҳамоҳанг шуд. Мақомоти Узбакистону Тоҷикистон дар ин дидор дар мавриди ироаи асноди ҳуқуқӣ ва фаннии аломатгузории марзҳои ду кишвар барои тасвиб ба Комиссияи муштараки аломатгузорӣ ба тавофуқ расиданд. Дар поёни музокирот Тулқин Абдуллоев, муовини аввали раиси Кумитаи манобеи заминӣ ва картографии Узбакистон ва Азизмуҳаммад Каримзода, муовини аввали раиси Кумитаи мудирияти замини Тоҷикистон протоколи нишастро имзо карданд.
Музокирот дар фазои дӯстона ва муассир баргузор шуд.
Узбакистону Тоҷикистон ҳазору 333 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳоли ҳозир фақат 60 километр марзи муштараки мавриди ихтилофи ду кишвар боқӣ мондааст.