Октябр 30, 2019 10:38 Asia/Dushanbe
  • Бардошти 330 ҳазор тонна пахта дар Тоҷикистон

Кишоварзони Тоҷикистон то охирҳои моҳи октябр наздик ба 331 ҳазор тонна пахта бардошт кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 95 ҳазор тонна бештар аст.

Ба нақл аз хабаргузории ТоҷВик, аз ин мизон саҳми вилояти Хатлон 75 дарсад ва вилояти Суғд 73 дарсад аст.

Кишоварзони вилояти Хатлон мутааҳид шудаанд, ки бардошти пахтаро ба 275 ҳазор тонна бирасонанд.

Дар соли 2018 дар Тоҷикистон 300 ҳазор тонна пахта бардошт шуда буд.

Гуфта мешавад, ки содироти риштаи пахтаи Тоҷикистон ба хориҷ имсол наздик ба 40 дарсад коҳиш ёфтааст, аммо ба далели камбуди имконоти фароварии пахта беш аз 75 дарсади маҳсули ин кишвар ба сурати хом ба хориҷ содир мешавад.

Иқтисоддонони тоҷик мегуянд, ки хомфурушии пахтаи ин кишвар ба хориҷ муҷиб мешавад, ки мардуми Тоҷикистон маҳсулотеро, ки аз ҳамин пахта дар хориҷ тавлид мешавад ва дубора ба бозори дохилии ин ҷумҳурӣ бармегардад се баробар гаронтар харидорӣ кунанд.

Агар чи мақомоти ҳукуматӣ солиёни зиёде аст, ки аз зарурати фароварии пахта дар дохили ин кишвар сухан мегуянд вале амалан ҳеҷ иқдоме дар ин бора анҷом намедиҳанд.

Асоси пахтаи Тоҷикистон ба Русия, Чин, Туркия, Қазоқистон ва Афғонистон содир мешавад ва маҳсулоти бофандагии ин кишварҳо дубора ба бозори дохилии ин ҷумҳурӣ бармегардад ва бо аворизи гумрукӣ ба нархи се баробар бештар аз арзиши аслии он ба фуруш мерасад.