Октябр 30, 2019 12:33 Asia/Dushanbe
  • Сафари мақоми амниятии Русия ба Тоҷикистон

Раиси Шурои амнияти Русия имрӯз ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Николай Патрушев раиси  Шурои амнияти Русия имрӯз ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Дар сафари Патрушев  ба Душанбе миёни дафтарҳои Шурои амнияти ду кишвар машваратҳое сурат мегирад.

Патрушев  ба таври мураттаб бо ҳамкорони худ аз дигар кишварҳои хориҷӣ музокироти амниятии дуҷониба анҷом медиҳад.

Ахиран Русия шуморе таҷҳизоти низомӣ ва аслиҳа ба арзиши панҷ миллион долларро дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор дод.

Фармондеҳи минтақаи низомии Русия гуфт, Тоҷикистон шарики калидии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст ва Маскав дар чорчуби барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ ба тақвияти тавони дифоии он кумак мекунад.

Пеш аз ин Русия сомонаи С-30Феваритро барои аввалин бор дар пойгоҳи низомии 201 худ дар Тоҷикистон мустақар кард.

Вазифаҳои аслии ин сомонаи низомӣ пушиши имконоти пойгоҳи низомии 201 аз ҳамалоти ҳавоӣ ва фазоӣ ва ҳамчунин дифои ҳавоӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон унвон шудааст.

Барчасп