Боздошти як қозӣ ба иттиҳоми ришвахорӣ дар Тоҷикистон
Маъмурони Созмони мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон як қозии занро ба ҷурми ришвахорӣ дар Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Ба нақл аз Дафтари матбуотии Созмони мубориза бо фасоди молӣ, Рухшона Раҳмонализода қозии додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба иттиҳоми тақозои 4 ҳазор доллар ришва аз шаҳрванде, ки парвандааш дар додгоҳ дар ҳоли баррасӣ будааст боздошт шудааст.
Тибқи гузориши Дафтари матбуотии Ожонси мубориза бо фасоди молӣ, қозии додгоҳи ноҳияи Сино дар моҳи марти имсол 2 ҳазор доллар аз маблағи мавриди тавофуқро дарёфт карда ва дар ҳоли дарёфти 2 ҳаазор доллари боқӣ монда боздошт шудааст.
Фасоди молӣ дар сохторҳои додгоҳӣ ва қудратии Тоҷикистон яке аз мушкилоти печидаи ҷомеаи ин кишвар ба ҳисоб меояд, ки ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои байналмиллалӣ аст.