Октябр 31, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
  •  Қадрдони аз кудаки 10 солаи тоҷик дар Русия

Аз кудаки 10 солаи тоҷик дар Русия қадрдони мешавад.

Кудаки 10 солаи зодаи Тоҷикистон ,ки ҳамроҳи волидонаш дар шаҳри  Хабаровскии Русия зиндагӣ мекарданд ва қарор аст аз онҳо дар маросиме дар Маскав аз суи Валентина Матвиенко раиси Шӯрои федератсион ва  генерал Виктор Золотов раиси пулиси вобаста ба Вазорати кишвари Русия қадрдони шавад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , ин маросим ба хотири қадрдонӣ аз 20 кудаки қаҳрамони Русия баргузор мешавад ,ки номи Бахтиёр Усмонов зодаи Тоҷикистон низ дар миёни онон буд.

Ин кудаки 10 солаи тоҷик тавонистааст  Вячеслав дӯсти руси худро, ки ба чоҳи пур аз оби ҷуш афтода буд наҷот диҳад.

Волидони ин кудаки рус мегуянд ,ки агар  иқдоми ба мавқеъи Бахтиёр набуд , маълум нест ,ки чӣ балое ба сари фарзанди онон меомад.

Вячислав пас аз дармони бахшҳои сухтаи баданаш дар соли таҳсилии нав дар клосҳои мадраса ҳозир шуд.

 Бахтиёр Усмонов донишомӯзи мадрасае дар шаҳри  Хабаровский Русия аст ва як сол аст ,ки бо либоси низомӣ сари дарс меояд ва орзу дорад ,ки дар оянда афсари пулис шавад.

 Барномаи тақдир аз 20 кудаки қаҳрамон дар Русия ба мудати 3 рӯз баргузор мешавад ,ки таи ин муддат ин афрод аз Кохи Кремли , майдони Сурхи шаҳр боздид мекунанд.

Барчасп