Октябр 31, 2019 10:53 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тавофуқномаи кумаки беивази 360 миллион долларии Чин ба Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи ихтисоси кумаки беивази 360 миллион долларии Чин ба ин кишвар барои бозсозии роҳҳои вилоятҳои Хатлон ва Бадахшонро тасвиб кард.

Ба нақл аз сомонаи Осиё плюс , Неъматуллоҳ Ҳукуматуллоҳзода взири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ҳангоми ироаи тарҳи ин тавофуқнома ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт ; ин тавофуқнома дар дидори Син Чи Пин раиси ҷумҳурии Чин аз Тоҷикистон дар санаи 19 июни имсол дар Душанбе имзо шуд.

Вай таъкид кард ,ки ин манобеи моллӣ барои бозсозии роҳи Душанбе - Қулама то марзи Чин дар вилояти Бадахшон ва масири Бохтар маркази вилояти Хаӣлон то шаҳри Кулоб ҳазина хоҳад шуд.

 Қаблан мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом карда буданд ,ки барои бозсозии масири Душанбе - Қулама дар қаламрави вилояти Бадахшон ба тули 92 киллометр ниёз ба ҷазби 230 миллион доллар кумак доранд.

Сохти ду тунел ба тули 5 киллометр 15 пули иртиботӣ дар тарҳи бозсозии ин масир дар назар гирифта шудааст.

Танҳо роҳи заминӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавсум ба Душанбе - Қулама ба далели воқеъ шудан дар иртифооти вилояти Бадахшон фақат шаш моҳ дар сол дар фаслҳои баҳору тобистон қобили тарадуд аст.

Барчасп