Октябр 31, 2019 17:58 Asia/Dushanbe
  • Машварати мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Русия дар  Душанбе

Дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе дидор ва бар афзоиши ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷароими созмон ёфта таъкид карданд.

Ҷаласаи мушовираии мутахассисони дафтарҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ин нишаст бо ҳузури Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ва намояндагони теъдоде аз вазоратхона ва ниҳодҳои зирабти ду кишвар баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин иҷлос масоили марбут ба ташдиди ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи мубориза бо терроризм, афртгароӣ ва ҷароими созмон ёфта, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн ҳамчунин мавзӯоти марбут ба вазъият дар Афғонистон, иқдомот ҷиҳати муқобила бо таҳдид ва чолишҳо, вазъият ва дӯрнамои тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ, беҳбуди асарбахшии таомулоти ду кишвар дар заминаи таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ карданд.

Ширкаткунандагони ин ройзании амниятӣ дар хусуси тадовуми ҳамоҳангии мавозеи вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ва Русия дар заминаи масоили муҳимми таъмини амният дар чорчуби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Ҷомеаи ҳамсуд ва Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ(СПАД) тавофуқ карданд.

Дар поёни ин нишаст, раисони шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия протоколи марбутиро ба имзо расонданд.

Патрушев ҳамчунин дар чорчуби сафари як рӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот ҷиҳати муқобила бо таҳдидоти ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти марбут ба амнияти минтақаӣ, тақвияти қудрати дифоии нируҳои марзбонии Тоҷикистон дар робита бо таҳдидоти ношӣ аз Афғонистон бар зарурати анҷоми иқдомоти ҷамъӣ таъкид шуд.

Тайи ин мулоқот ҳамчунин ҳамгароии шӯроҳои амнияти ду кишвар дар ин масир муҳим арзёбӣ шуд.

Илова бар ин, тарафайн тайи ин дидор масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар чорчуби СПАД, Ҷомеаи ҳамсуд ва Созмони Ҳамкории Шанхайро низ баррасӣ карданд.

Масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ, фаннӣ ва тақвияти иртиботот миёни ниҳодҳои интизомии ду кишвар аз ҷумлаи дигар мавзӯоте буд, ки тайи ин мулоқот мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп