Ноябр 01, 2019 19:59 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо дар Душанбе

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо ҳайате аз вакилони Парлумони Аврупо дар Душанбе, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайате аз вакилни парлумони Аврупо ба раёсати Фулвио Мартушиелло дар бораи густариши ҳамкориҳои порлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баҳсу табодули назар шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва Душанбе аз вазъи ҳамкориҳои феълӣ бо ин иттиҳодия қаноатманд аст.

Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон омодааст, ки ҳамкориҳои худ бо Иттиҳоди Аврупоро дар бахшҳои порлумонӣ, иҷрои қонӯн, омӯзишу парвариш ва масоили башардӯстона густариш диҳад.

Ҳайати вакилони Парлумони Аврупо низ дар ин дидор, омодагии худ барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо терроризм, ҷиноёти созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир эълом кардааст.

Аз нигоҳи намояндагони Порлумони Аврупо, кумак ба Тоҷикистон барои тақвияти тавони нерӯи марзбонии ин кишвар ба манзури муқобила бо таҳдидҳои ношӣ аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон зарурӣ мебошад.

 

Барчасп