Ноябр 02, 2019 13:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамгароӣ ва тавсиъаи тиҷоратмеҳвари дидори мақомоти тоҷик ва Бонки ҷаҳонӣ

Вазири тавсиъаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дидор ва дар мавриди ҳамгароии минтақаӣ бо якдигар баҳс ва табодули назар карданд.

Ба нақл аз  Форс Нюз , Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода вазорати тавсиъаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон , ҳадаф аз сафари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарпарастии Алег Петров ба Душанберо табодули назар дар мавриди иҷроии пружаи Диҷитол КАСАИ Тоҷикистон мутамаркиз ба тавсиъаи тиҷорат ва ҳамгароии минтақаӣ , афзоиши рақобатпазирии ин кишвар дар саҳнаи ҷаҳонӣ аз тариқи муарифии усули диҷитол эълом кард . Тарафайн дар ин мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба тадвини барномаи миёнмуддати тавсиъаи Тоҷикистон барои соли 2021 - 2025 ва ҷалби мушовирони Бонки ҷаҳонӣ барои таҳияи он ,барномаи иқтисоди диҷитоли Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Бояд гуфт,ки тарҳи Диҷитол КАСАИ Тоҷикистон дар июни соли 2017 милодӣ дар Тоҷикистон муарифӣ шудааст , ин тарҳ мубтанӣ бар идеаи иттисоли як хати фибери нурии воҳид дар Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ аст. Асос ва идеаи ин пружаи иттисоли хати фибери нурии Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ буда ва кишварҳои Қирғизистон , Тоҷикистон , Афғонистон ва Покистон ширкат кунандагони билқувваи ин тарҳ ба шумор мераванд.