Ноябр 02, 2019 18:22 Asia/Dushanbe
  • Шукурҷон Зуҳуров ба Арманистон меравад

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фардо ба Ҷумҳурии Арманистон сафар мекунад.

Ба нақл аз Дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров ба даъвати раиси Маҷлиси Миллии Арманитсон ва бо ҳадафи ширкат дар иҷлоси сайёри Шурои маҷмаи парлумонии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба Арманистон сафар мекунад.

Дар ин сафар раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси Миллии Арманистон ва дигар мақомоти расмии ин кишвар дидор хоҳад кард.

Барчасп