Баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо полиси байналмиллал дар Душанбе
Бо ҳузури дабири кулли полиси байналмиллал, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ва намояндагони беш аз 20 кишвари узви Интерпол дар нишасте дар Душанбе мавзӯи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмиллалӣ баррасӣ шуд.
Ба нақл аз Дафтар матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, генерал Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар ин нишаст таъкид кардааст, ки дар ҷаҳони муосир авомили ноамнии зиёде вуҷуд дорад, ки зарурати тақвияти ҳамкории муштараки кишвраҳои узви полиси байналмиллалро иқтизо мекунад.
Вай аз талошҳо барои густариши терроризм ва ифротигарӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, афзоиши қочоқи инсон ва фаолияти қочоқчиёни маводи мухаддир ба унвони таҳдидҳои муштарак алайҳи амнияти ҷаҳонӣ ёд карда ва тақвияти ҳамкории кишварҳои узви полиси байналимллалро барои муқобила бо ин падидаҳо хостор шудааст.
Дар ин нишаст Юрген Йиштак дабири кулли полиси байналмиллал тарҳи наверо бо унвони Қапқон муаррифӣ кард, ки ҳадафи он тақвияти табодули иттилоот миёни кишварҳои узви Интерпол барои муқобила бо терроризм ва ҷиноятҳои байналмиллалӣ аст.
Дар ин тарҳ бар зарурати ҳамкории тамомии кишварҳои узви Интерпол барои мушаххас кардани масирҳои вуруд ва хуруҷи террористҳо аз марзҳо, самту сӯи фаолияти гуруҳҳои ҷиноии созмонёфтаи фаромиллӣ, қочоқчиёни инсон ва маводи мухаддир ва бастани роҳҳои интиқоли манобеи молии мавриди ниёзи ин созмонҳо таъкид шудааст.