Ноябр 04, 2019 09:41 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон аз ҳайати Маҷмаи парлумони Аврупо

Дар дидори ахири намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон бо ҳайате аз Маҷмаи парлумони Аврупо дар Душанбе дар баробари таъкид бар зарурати тақвияти равобити парлумонии дуҷониба мавзӯи ҳузури мухолифони сиёсии тоҷик дар кишварҳои аврупӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Олимҷон Бобоев намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон гуфтааст, дар ин дидор вазъияти Афғонистон мубориза бо терроризм ва ҳузури мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ шуд.

Вай таъкид кардааст, тарафи Тоҷикистон аз ҳайати Маҷмаи парлумони Аврупо хост мавзӯи ҳузури аъзои гуруҳҳои мухолифи ҳукумати ин кишвар дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ кунад, чаро ки Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон созмони террористӣ эълом шудааст, аммо теъдоде аз масъулон ва аъзои он дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба фаолиятҳои сиёсӣ машғуланд.

Олимҷон Бобоев гуфт ҳайати Маҷмаи парлумони Аврупо қавл додааст ин мавзӯъро баррасӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Петра Ивашкавич сафири ҳамзамон Полша дар Узбакистон ва Тоҷикистон гуфта буд, ки бар асоси қавонини кишвараш созмонҳое, ки дар Тоҷикистон фаолияти онҳо мамнуъ аст, дар Полша таҳти ин мамнуият қарор намегиранд ва аз ҳуқуқи зиндагии озодона ва машруъ бархурдоранд.