Таслияти сафири Эрон ба муносибати даргузашти Шоҳномапажуҳи тоҷикистонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48091-Таслияти_сафири_Эрон_ба_муносибати_даргузашти_Шоҳномапажуҳи_тоҷикистонӣ
Сафири Эрон дар Душанбе даргузашти устод Валӣ Самад адиб ва Шоҳномапажуҳи тоҷикро ба миллат ва давлати Тоҷикистон таслият гуфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 04, 2019 12:47 Asia/Dushanbe
  • Таслияти сафири Эрон ба муносибати даргузашти Шоҳномапажуҳи тоҷикистонӣ

Сафири Эрон дар Душанбе даргузашти устод Валӣ Самад адиб ва Шоҳномапажуҳи тоҷикро ба миллат ва давлати Тоҷикистон таслият гуфт.

Ба нақл аз ИРНО, дар пайёми таслияти Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон омадааст, устод Валӣ Самад умри худро барои эътилои забон ва адаби муштараки Эрон ва Тоҷикистон сипарӣ кард.

Устод Валӣ Самад мулақаб ба "падари забони тоҷикӣ" ҳафтаи гузашта дар сини 83 солагӣ даргузашт.

Маъруфтарин китоби ӯ дар Эрон  "Фирдавсӣ ва шоҳнома дар Қафғоз" аст.

Устод Валӣ Самад дар ин китоб баррасии пажуҳишҳои анҷомшуда дар бораи Фирдавсӣ ва шоҳнома дар ҳавзаи Қафғоз пардохта ва пажуҳишгарони баноми гурҷӣ, арманӣ ва туркманро, ки арзиши волои Шоҳномаро дарёфта буданд муаррифӣ кардааст.