Фишори Вашингтон барои тамдиди фаолияти хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 04 Nov 2019 08:26:30 GMT )
Ноябр 04, 2019 13:26 Asia/Dushanbe
  • Фишори Вашингтон барои тамдиди фаолияти хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон

Шуморе аз аъзои Конгираи Амрико дар ҳафтаҳои ахир бо ирсоли номаҳое барои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, барои тамдиди эътиборномаи 9 хабарнигори Радиои Озодӣ ҳукумати ин кишварро таҳти фишор қарор додаанд.

Ба нақл аз ИРНО, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ки 31 октябр ва пеш аз муҳлати аввали ноябр, эътиборномаҳои ҳафт хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод мавсум ба Радиои Озодӣ вобаста ба Амрикоро тамдид кард, ҳануз эътиборномаҳои ду хабарнигор ва 11 нафар аз ашхоси муртабит бо бахши тоҷикии Радиои Озодиро тамдид накардааст.

Дар ҳамин иртибот, Одом Шиф ва Стив Чобут раисони Кумитаи Озодии матбуоти Маҷлиси намояндагони Амрико дар номае ба Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таъхир дар тамдиди эътиборномаи хабарнигорони Радиои Озодӣ ибрози гилоя (шикоят) карданд.

Ҳафтаи гузашта низ чаҳор нафар аз сенаторҳои Амрико дар номае ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи гузоришҳои марбут ба озору таҳдиди хабарнигорони муртабит бо Радиои Озодӣ ва тамдид нашудани эътиборномаҳои онҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ҳар ду номаи аъзои Конгираи Амрико барои раиси ҷумҳури Тоҷикистон иддао шуда, ки тамдид накардани эътиборномаи корӣ барои хабарнигорони Радиои Озодӣ талоше барои маҳдуд кардан ва таъсиргузорӣ бар рӯзноманигории мустақили ин расона аст.

Аъзои Конгираи Амрико дар ин номаҳо таҳдид кардаанд, ки ояндаи равобити Амрико бо Тоҷикистон ба иллати ин масъала дар хатар қарор дорад.

Шурои сардабирии рӯзномаи ВашингтонПост ҳам 30 октябр бо интишори номае хатоб ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иддаоҳоеро дар бораи саркуб кардани расонаҳо дар ин кишвар матраҳ ва бо ишора ба кумакҳои амниятии Амрико ба Тоҷикистон дар соли 2019 ин кишварро таҳдид кардаанд.